Суханронӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ
Ҳамватанони азиз!
Мардуми шарафманду сарбаланди
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ ва тантанаи адолати таърихӣ – 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон, ки чанде пеш онро мардуми шарифи кишвар бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва дар фазои иттиҳоду сарҷамъӣ таҷлил намуданд, самимона табрик мегӯям.
