Анҷоми сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин

Posted Thu, 05/14/2026 - 18:07
By shahnavoz

​Аз 11 то 14 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доштанд.

​Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин сафар дар шаҳрҳои Пекин ва Чонгчин бо роҳбарияти олии кишвари ҳамсоя, як гуруҳ намояндагони воломақоми Чин мулоқот карда, вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Чинро муҳокима намуданд.

​Аз руи натиҷаи музокироти сатҳи олӣ ва вохӯрии доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Чин беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ ба имзо расид.

Мулоқот бо Котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии шаҳри Чунчин Юан Ҷияҷюн

Posted Thu, 05/14/2026 - 12:13
By shahnavoz

13 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатии худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин  аз шаҳри Чунчин боздид намуда, бо Котиби Кумитаи шаҳрии ҳизби коммунистии Чин Юан Ҷияҷюн мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба роҳандозии робитаҳои мустақими миёни минтақаҳои Тоҷикистон бо ин шаҳр, ки яке аз қутбҳои муҳимтарини   саноативу инноватсионии Чин ба шумор меравад, баррасӣ шуд.

Боздид аз корхонаи саноатии “Зонгшен” дар шаҳри Чонгчин

Posted Thu, 05/14/2026 - 12:12
By shahnavoz

13 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Чонгчин аз ширкати калони саноатии “Зонгшен” боздид намуданд.

Дар корхона Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо навъу намудҳои техникаи сабуку вазнин, мототсиклҳои дучарха ва сечарха, дучархаҳои варзишӣ, муҳаррикҳои гуногун, мошинҳои хурду калони кишоварзӣ, авиатсионӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои техникаҳои мухталиф шинос шуданд.

Идомаи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Чонгчин

Posted Thu, 05/14/2026 - 12:11
By shahnavoz

13 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шаҳри Чонгчин ташриф оварданд.

Нахуст боздиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин шаҳр аз корхонаи саноатии Серес оғоз ёфт.

Дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иқтидор, самти фаъолият ва маҳсулоти корхонаи саноатии “Серес” оид ба истеҳсоли мошинҳои ширкати “Хуавей Аито” маълумот дода шуд.

Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин

Posted Tue, 05/12/2026 - 19:01
By shahnavoz

12 май дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин доир гардид. 

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, муҳтарам Си Ҷинпин зимни музокирот дар қолаби васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо ва дар қолаби маҳдуд, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмии пурра ва эътимоди амиқ доир гардиданд, доираи васеи масъалаҳои ҳамкории ду кишварро дар қолабҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ намуданд. 

Маросими истиқболи расмӣ дар шаҳри Пекин

Posted Tue, 05/12/2026 - 19:00
By shahnavoz

Имрӯз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо маросими бошукуҳи истиқболи расмӣ оғоз гардид.

Меҳмони олиқадр, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин самимона пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Суханронӣ дар Донишгоҳи Пекин

Posted Tue, 05/12/2026 - 18:59
By shahnavoz

Муҳтарам Ректори Донишгоҳи Пекин,

Муҳтарам Раиси Шурои Донишгоҳ,

Дӯстони гиромӣ!

Унвони профессори ифтихории яке аз донишгоҳҳои пешсафу маъруфи Чин барои ман шарафи бузург аст.

Ба роҳбарият ва Шурои илмии Донишгоҳ, ки ин унвони баландро барои инҷониб муносиб донистаанд, сипоси амиқи худро иброз менамоям.

Донишгоҳи Пекин, ки бо номи «Бейда» маъруф аст, дар тӯли таърихи беш аз садсолаи худ, бо дастовардҳои таълимиву илмӣ ба ҳайси яке аз мактабҳои олии пешрафта дар ҷаҳон шуҳрат пайдо кардааст.

Сарфарозгардонии Пешвои миллат бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин ва мулоқот бо роҳбарият ва донишҷӯёни донишгоҳ

Posted Tue, 05/12/2026 - 13:14
By shahnavoz

12 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Донишгоҳи Пекин ташриф оварда, дар назди устодону донишҷуён суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раёсати донишгоҳ самимона истиқбол гирифтанд.

Нахуст ректори Донишгоҳ Гун Сихуан бо сухани муқаддимавӣ баромад карда, қарори Шурои илмиро дар бораи сарфароз гардонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии ин боргоҳи илму маърифат ба самъи ҳозирин расонданд.

Мулоқот бо Ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан

Posted Tue, 05/12/2026 - 13:13
By shahnavoz

12 май дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан мулоқот намуданд.

Ҷонибҳо ба робитаҳо дар соҳаи илму маориф, аз ҷумла ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Таъкид гардид, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Чин бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Маросими гулгузорӣ дар назди Маҷмааи муҷассамаи “Қаҳрамонҳои миллӣ”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин

Posted Tue, 05/12/2026 - 13:13
By shahnavoz

12 май дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун ва фарҳанги ғанию бостонии мардуми кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи Чин дар шаҳри Пекин дар назди Маҷмааи муҷассамаи “Қаҳрамонҳои миллӣ” гулчанбар гузошта, хотираи шаҳидонро пос доштанд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамроҳӣ карданд.