Ифтитоҳи Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии Эҳсон дар Восеъ
4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бинои Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии Эҳсонро ба истифода доданд.
Бинои Меҳмонхонаи Эҳсон дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкор Даврон Мирзозода сохта шуда, дорои 18 ҳуҷраи хоб барои қабули меҳмонон, тӯйхона ва тарабхона мебошад.
