Нишасти матбуотӣ пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон
24 июл дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқоти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон барои намояндагони васоити ахбори оммаи дохил ва хориҷ нишасти матбуотӣ оростанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳороти матбуотӣ таъкид доштанд, ки мо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намудем.
