Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз ёфт.
Дар фурудгоҳи марказии ноҳияи Айнӣ Сарвари давлатро сокинон, намояндагони касбу кори гуногун ҳамчун рамзи эҳтирому эътимод ба фарзанди фарзонаи миллат, гарму самимӣ истиқбол намуданд.
