Ифтитоҳи бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Файзобод
30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур аз се ошёна иборат буда, дорои 8 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, меҳмонхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нав 14 мутахассис дар ҳуҷраҳои барҳаво ва муҷаҳҳаз кору фаъолият намуда, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
