Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияи Рашт
26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навбунёди деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт Муассисаи таҳсилоти томактабии "Зарангак"-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи нави таҳсилоти томактабӣ дар заминаи бунёди маҳаллаи нави истиқоматӣ барои сокинони аз заминларза зарардида сохта шуда, дар он асосан фарзандони ин маҳал ба зинаи аввали таҳсил фаро гирифта мешаванд.
