Боздид аз ҷараёни корҳо дар сарбанди рӯди Оби Шӯри Неругоҳи барқии обии Роғун
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдончаи назоратии рӯди Оби Шӯри Неругоҳи барқии обии Роғун бо ҷараёни корҳо дар сарбанди ҳимоявӣ шинос шуданд.
Сарбанди рӯди Оби Шӯр бо мақсади пешгирӣ аз хатари селу обхезӣ дар рӯд, ки ҳамасола дар мавсими боронгарӣ ба вуқуъ меояд, бунёд карда шудааст.
Сохтмони ин сарбанд аз соли 2010 то соли 2015 идома ёфта, то сатҳи 1115 метр, ки баландии 60 метрро ташкил медиҳад, сохта шуда буд. Ҳаҷми бетони дар он давра хобонидашуда 253 ҳазору 720 метри мукаабро ташкил медиҳад.
