Маросими гулчанбаргузорӣ дар Оромгоҳи миллии Корея

Posted Thu, 09/17/2026 - 10:26
By shahnavoz

16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Сеул дар назди маҷмааи ёдгории Оромгоҳи миллии ин кишвар гулчанбар гузоштанд.

Дар макони чорабинӣ қаровули фахрӣ саф кашида буд.

Қабл аз гузоштани гулчанбар меҳмони олиқадр - Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Корея арзи эҳтиром намуданд.

Ба хотири руҳи гузаштагон дақиқаи хомушӣ эълон карда шуд.

Оғози сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея

Posted Thu, 09/17/2026 - 10:26
By shahnavoz

15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» вориди шаҳри Сеул шуданд.

Дар саҳни фурудгоҳи Сеул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Корея гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори меҳмони олиқадр қаровули фахрӣ саф кашида, майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта буд.

Сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея

Posted Thu, 09/17/2026 - 10:24
By shahnavoz

15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди расмӣ ва иштирок дар нахустин Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» ба Ҷумҳурии Корея сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Иштирок дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

Posted Fri, 09/11/2026 - 23:38
By shahnavoz

Шоми 11 сентябр дар ноҳияи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли далватии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

 Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони заҳматқарини ноҳияҳои Рашт, Нурободу Тоҷикобод, Лахш, Сангвор ва ҳамаи иштирокдорони чорабиниро бо солгарди 35-уми истиқлол табрику таҳният гуфтанд.

Суханронӣ ба муносибати ҷашни 35–солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт

Posted Fri, 09/11/2026 - 23:37
By shahnavoz

Ҳамдиёрони азиз!

Кулли сокинони заҳматқарини ноҳияҳои Рашт, Нурободу Тоҷикобод, Лахшу Сангвор ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадон саломатӣ, сулҳу оромӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар корҳои созандагиву ободонии Ватани азизамон барору комёбӣ орзу менамоям.

Истиқлолу озодӣ барои ҳар фарди ватандӯст неъмати бебаҳо, рамзи соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.

Боздид аз боғи интенсивии Пайванди Рашт ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ

Posted Fri, 09/11/2026 - 23:36
By shahnavoz

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии Пайванди Рашт дидан намуданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки боғи интенсивӣ дар масоҳати 10 гектар бунёд гардида, обёрии он пурра тавассути низоми қатрагӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар боғ 18 навъи дарахти мевагӣ, аз ҷумла 8 навъи себ, 6 намуд нок, 2 гуна олу ва 2 хел зардолу, парвариш меёбад.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол дар боғ ҳосили хуб ба даст омада, ҳаҷми ҷамъоварии мева зиёда аз 100 тоннаро ташкил медиҳад.

Ба истифода додани корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Рашт ва сардхонаи он

Posted Fri, 09/11/2026 - 23:35
By shahnavoz

11 сентябр зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Рашт мавриди истифода қарор дода шуд.

Корхонаи мазкур бо мақсади рушди истеҳсолоти ватанӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат бунёд гардидааст.

Ифтитоҳи фосилавии 15 иншоот дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш, Тоҷикобод ва муарифии 1 лоиҳаи роҳи Лабиҷар – Сангвор

Posted Fri, 09/11/2026 - 11:59
By shahnavoz

11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 иншоотро ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба истифода дода, бо лоиҳаи роҳи мошингарди Лабиҷар – Сангвор шинос шуданд.

Дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт бинои ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум, осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва дар шаҳраки Ғарм биноҳои шуъбаи маориф ва шуъбаи муҳофиза дар минтақаи Рашт ва қасри ҷавонон мавриди истифода қарор гирифт.

Ифтитоҳи Мактаби президентии ноҳияи Рашт

Posted Fri, 09/11/2026 - 11:58
By shahnavoz

Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат муассисаи насли нави соҳаи маориф дар ноҳияи Рашт аст, ки 11 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Иншоот дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия мутобиқ ба меъёру талаботи муосир сохта шудааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои наву замонавии таълимӣ аз 33 синфхонаи муҷаҳҳаз иборат буда, барои 800 хонандаи болаёқат пешбинӣ гардидааст.

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ва ба истифода додани фурудгоҳи ноҳия

Posted Fri, 09/11/2026 - 11:57
By shahnavoz

11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти  дорои таъйиноти гуногун дар ноҳияҳои  водии  Рашт, суҳбату  вохӯрӣ бо аҳолӣ ва  иштирок дар тантанаҳои идона ба  истиқболи ҷашни 35-солагии  Истиқлоли   давлатӣ   бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд.

Дар  фурудгоҳи  ноҳияи   Рашт  Сарвари давлатро  роҳбарият ва сокинони шарафманди ноҳия бо эҳтирому самимият ва муҳаббати хос истиқбол гирифтанд.