Ифтитоҳи Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанбе (Radisson Collection Dushanbe)
30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Меҳмонхонаи муосиру бошукуҳи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд.
Хотиррасон бояд намуд, ки лоиҳаи бунёди меҳмонхонаи панҷситорадори Редиссон Коллекшн Душанбе 11 июли соли 2019 дар Қасри миллат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муаррифӣ гардида буд.
