Ба истифода додани бинои Суди вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд
8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурии Суди вилояти Суғдро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода доданд.
Иншоот дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои мақомоти судӣ ва ба талаботи муосири соҳа ҷавобгӯ сохта шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар бинои маъмурии Суди вилояти Суғд, ҳамчунин Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ва Суди иқтисодии вилояти Суғд ҷойгир карда шудаанд.
