Барқияи табрикӣ ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ
18 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Волоҳазрат,
Дар иртибот ба нақши миёнҷигарии созандаи Давлати Қатар дар роҳи расидан ба созиши сулҳ миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Шумо табрикоту таҳнияти самимии моро иброз менамоям.
