Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосимҷомарт Токаев
29 июл, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии "Бозиҳои оянда" дар Остона бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосимҷомарт Тоқаев мулоқот намуданд.
Дар рафти суҳбат сарони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии миёни Тоҷикистон ва Қазоқистонро баррасӣ карданд.
