Ба истифода додани коргоҳҳои истеҳсоли ранги хатҳои уфуқии роҳ, ашёи хоми маводи шустушӯйӣ ва мебели ҶДММ «Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант»
26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар шаҳри Левакант ба фаъолияти се коргоҳи нави истеҳсолии ҶДММ «Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант» оғоз бахшиданд.
Коргоҳҳои истеҳсоли ранги хатҳои уфуқии роҳ, ашёи хоми маводи шустушӯӣ ва мебели инноватсионӣ дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, намунаи амалии рушди истеҳсолоти ватанӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб мераванд.
