Суханронӣ дар оғози роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ
Ҳамватанони азиз!
Сокинони муҳтарами пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол!
Ҳамаи шуморо бори дигар ба ифтихори ҷашни бузургу таърихӣ – 35-солагии истиқлолу озодии Ватани азизамон самимона табрик мегӯям.
Сиву панҷ сол пеш Тоҷикистони маҳбуби мо соҳиби истиқлол гардид ва халқи тоҷик имкони соҳибихтиёрӣ, муайян намудани роҳи мустақили пешрафту тараққиёт ва эҳёи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва анъанаҳои давлатдории бостониро ба даст овард.
Дар ин давра Тоҷикистон роҳи ниҳоят сахту сангин, вале пуршарафи давлатсозиро тай намуд.
