Суханронӣ дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея
Муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Корея, ҷаноби ЛИ ҶЕ МЁН,
Муҳтарам сарони давлатҳо,
Муҳтарам намояндагони доираҳои соҳибкорӣ,
Дӯстони гиромӣ,
Ҳамоиши имрӯза барои муайян кардани роҳҳои татбиқи ҳадафҳои нишасти якуми Сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” заминаи мусоидро фароҳам месозад.
Шиори Ҳамоиши мо - «Ҳамкорӣ ва шарикии Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баҳри пешбурди инноватсия, шукуфоӣ ва пайвастагӣ» далели он аст, ки ояндаи устуворро метавон танҳо тавассути ҳамкории судманд ва эҷоди фазои эҳтирому боварӣ таъмин намуд.
