Ифтитоҳи Мактаби ронандагии муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-и Вазорати мудофиа дар ноҳияи Нуробод
11 сентябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод идома ёфт.
Сарвари давлат бинои мактаби ронандагии Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-и Вазорати мудофиаро мавриди баҳрабдорӣ қарор доданд.
Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншооти номбурда дар масоҳати 0,63 га бунёд ёфтааст. Корҳои сохтмонӣ соли 2020 оғоз ёфта буд ва фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи обии “Роғун” мебошад.
