Ифтитоҳи бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода
17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳ ва оғози сохтмони як қатор иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.
Нахуст, Сарвари давлат бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзодаро мавриди истифода қарор доданд.
Корҳои сохтмонии иншоот соли 2022 оғоз гардида, дар муддати ду сол бо сифати баланд ва тарҳи муосир бунёд карда шудааст.
