Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд - Ҳумо

Posted Thu, 03/26/2026 - 14:26
By shahnavoz

26 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканд -  пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд - Ҳумо меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нишони эҳтироми баланд роҳбари кишвари мизбон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони фурудгоҳ фазои идона дошт.

Сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон

Posted Thu, 03/26/2026 - 11:06
By shahnavoz

26 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ

Posted Sat, 03/21/2026 - 21:00
By shahnavoz

21 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар “Наврӯзгоҳ” - и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ - 2026 иштирок намуданд.

Дар чорабинии идона шумораи зиёди сокинони кишвар ва меҳмонони хориҷӣ ширкат варзиданд.

Макони баргузории чорабинии наврӯзӣ - Наврӯзгоҳ бо шиорҳо дар васфи Наврӯз ва рамзи хоси Наврӯзи байналмилалӣ идона оро ёфта буд.

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи модар

Posted Sat, 03/07/2026 - 15:33
By shahnavoz

Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи модар, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва дар остонаи Наврӯзи фархундапай таҷлил мегардад, самимона табрику шодбош мегӯям.

Ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ ва иқболи неку хонаи обод орзу менамоям.

Ба оғози фасли баҳор, яъне эҳёи табиат баробар омадани ҷашни модарону бонувон нишонаи покиву зебоӣ ва офарандагии мавҷуди муқаддаси модар мебошад.

Мулоқот бо муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев

Posted Wed, 03/04/2026 - 12:19
By shahnavoz

4 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон муҳтарам Тангригули Атахаллиевро, ки барои иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни суҳбат вазъ ва дурнамои маҷмуи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон ва роҳҳои рушди минбаъдаи онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Канда

Posted Wed, 03/04/2026 - 10:42
By shahnavoz

4 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат Масато Кандаро ба муносибати интихоб шуданаш ба мансаби Президенти Бонк табрик гуфта, ташрифи нахустини мавсуфро ба Тоҷикистон нишонаи таваҷҷуҳи махсуси ин ниҳоди молиявӣ ба таҳкими ҳамкории дарозмуддати ҷонибҳо арзёбӣ намуданд.

МЕҲРНОМАИ ЯК ҲАМЗАБОН БА ПЕШВОИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Posted Fri, 02/27/2026 - 09:03
By shahnavoz

Ба номи Худованди ҷону хирад 
 
Хирадманди донову равшанравон,  
Танаш з-ин ҷаҳон асту ҷон з-он ҷаҳон. 
Раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти миллатеро ба Шаҳномаи безаволи устоди Тӯс кушода кард. Фарҳанги “Шоҳнома” фарҳанги табори ориёӣ ва фаротар аз он фарҳанги башарият аст. Ин метавонад вижагии мунҳасир ба фарди ин китоб ва шаҳсутуни ҳаёти қавмии ҳама ориёинажодон бошад, ки имрӯз ҳар куҷо ҳастанд: Ирон, Қафқоз, Афғонистон, Тоҷикистон, пойинрудону варорудон худро дар оинаи он боз меёбанд. 

Кист истиқлолро меъмор ҷуз ин марди род

Posted Wed, 02/18/2026 - 09:27
By shahnavoz

Кист истиқлолро меъмор ҷуз ин марди род?
Раҳмати ҳақ бар равони поки момаш бод, бод!
Кинаҳо як сӯ ниҳоду миллате дод ӯ наҷот,
Аҳраман пурсӯгу Ҳурмуз з-ибтикораш гашт шод.
Нақбу барқу коху манзил, роҳу майдон сохт ӯ,
Аз Душанбе ӯ Бухоро кард бо ранҷе зиёд.
Шуҳрату номи Хуросон ӯ фузуд аз ҳимматаш
То ҷаҳон бар ҷост, ёдаш мекунад ин мулк, ёд.
Ӯ паёми Шоҳнома бурд бар ҳар хонадон,
Руҳи Фирдавсӣ кунад номаш ба гетӣ рамзи дод.
Тоҷикистон ӯ нигине карда дар тоҷи Каён,
Чун Курушу Оли Сомон пояи давлат ниҳод.

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов

Posted Wed, 02/18/2026 - 09:23
By shahnavoz

17 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти суҳбат вазъи кунунӣ ва дурнамои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон муҳокима гардид. Роҳҳои рушд ва густариши минбаъдаи он баррасӣ шуд.

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаев

Posted Mon, 02/16/2026 - 19:08
By shahnavoz

16 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат дар оғози мулоқот ташрифи Вазири корҳои хориҷии кишвари дӯстро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таваҷҷуҳи пайвастаи ҷониби Тоҷикистонро ба масъалаҳои таҳкиму тавсеаи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии ду кишвар дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод ба якдигар таъкид карданд.