Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли қуттиҳои картонии Қоғази тоҷик дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Sun, 03/29/2026 - 11:26
By shahnavoz

29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Кансойи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд.

Иншоот марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Қуттии тоҷик” буда, бо ҳадафи татбиқи саноаткунунии босуръати кишвар аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон бунёд шудааст.

Марҳилаи нави корхона иқтидори истеҳсолӣ, номгӯи маҳсулот ва ҷойҳои нави кориро афзун намуд.

Ифтитоҳи бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкин бо 300 ҷойи нишаст баъди азнавсозӣ

Posted Sun, 03/29/2026 - 10:40
By shahnavoz

29 март нахуст дар шаҳри Бӯстон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозиии пурра бо 300 ҷойи нишаст бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Театри мазкур дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Бӯстон дар масоҳати умумии 1350 метри мураббаъ ҷойгир мебошад.

Истиқболи меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Posted Sun, 03/29/2026 - 10:39
By shahnavoz

29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд роҳбарияти вилоят истиқбол намуданд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted Sat, 03/28/2026 - 16:55
By shahnavoz

28 март таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис нахуст гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 шунида шуд.

Анҷоми сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон

Posted Sat, 03/28/2026 - 16:53
By shahnavoz

27 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон аз шаҳри Бухоро ба Ватан баргаштанд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бухоро бо нишони эҳтироми баланд ба меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев самимона гусел намуданд.

Боздид аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Бухоро

Posted Sat, 03/28/2026 - 16:52
By shahnavoz

27 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёв якҷоя аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд.

Ташрифи Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бухоро бо боздид аз Қалъаи Бухоро, Маҷмааи таърихию ёдгорӣ ва оромгоҳи Баҳоуддини Нақшбанд, Маҷмааи “Лаби ҳавз”, Маҷмааи меъмории “Пои Калон” ва Оромгоҳи Исмоили Сомонӣ ҷараён гирифт.

Оромгоҳи сулолавии Сомониён, ки ёдгории меъмории асрҳои IX-X мебошад, дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Идомаи сафари давлатӣ дар шаҳри Бухоро

Posted Sat, 03/28/2026 - 16:51
By shahnavoz

27 март дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварда, ҷойҳои таърихию муқаддаси ин шаҳри бостониро тамошо намуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бухоро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии самимии меҳмони олиқадр - Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳни фурудгоҳ идона ороста шуда буд.

Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон

Posted Thu, 03/26/2026 - 16:12
By shahnavoz

Музокироти сатҳи олӣ дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон бо мулоқоти хоссаи сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев оғоз ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Сарвари давлати моро бори дигар ба шаҳри Тошканд хайра мақдам гуфта, изҳори бовар намуданд, ки боздиди кунунии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳким ва густариши шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии ду кишвари ҳамсоя такони нав мебахшад.

Маросими истиқболи расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон

Posted Thu, 03/26/2026 - 16:11
By shahnavoz

26 март дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри “Куксарой” сурат гирифт.

Меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуданд.

Гулчанбаргузорӣ дар назди Муҷассамаи “Истиқлолият ва башардӯстӣ”-и Ҷумҳурии Узбекистон

Posted Thu, 03/26/2026 - 14:27
By shahnavoz

26 март дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанги мардуми узбек дар назди Муҷассамаи “Истиқлолият ва башардӯстӣ” гулчанбар гузоштанд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ меҳмони олиқадр - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ҳамроҳӣ намуданд.