Боздид аз намоиш-фурӯши доимии гулу гиёҳҳои шифобахш дар ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг
16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг аз намоиш - фурӯши доимии гулу гиёҳҳои шифобахш ва маводи доруворие, ки аз онҳо омода мешаванд, дидан намуданд.
Сокинон ин гулу гиёҳҳои шифобахши аз лиҳози экологӣ тозаро аз кӯҳ ва талу теппаҳои ҳудуди ноҳия ҷамъоварӣ ва дар шароити хона бандубаст менамоянд.
Дар ноҳия номгӯйи зиёди гиёҳҳои шифобахш мавҷуд аст, ки дар натиҷаи коркард барои муолиҷаи бемориҳои зиёд истифода бурда мешаванд.
