Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

Posted Fri, 07/22/2022 - 11:15
By shahnavoz

21 июл дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқоти дуҷониба, ки дар фазои самимият доир гардид, анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рӯзмарраи рушду таҳкими ҳамкории ду кишвар дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирок дар Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ

Posted Fri, 07/22/2022 - 11:14
By shahnavoz

21 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов иштирок карданд.

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон

Posted Thu, 07/21/2022 - 09:49
By shahnavoz

21 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 дар деҳаи Сафедшаҳраки ноҳияи Ховалинг

Posted Sat, 07/16/2022 - 13:45
By shahnavoz

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Сафедшаҳраки деҳоти Лоҳутӣ ташриф оварда, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро ифтитоҳ намуданд.

 Муассисаи нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 17 синфхонаи таълимӣ мебошад, ки барои 680 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Боздид аз ҷараёни корҳои агротехникӣ, парвариши сабзавот ва лубиёиҳо дар хоҷагии деҳқонии «Фарангис»-и ноҳияи Ховалинг

Posted Sat, 07/16/2022 - 13:43
By shahnavoz

16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба хоҷагии деҳқонии «Фарангис»-и деҳоти Ҷомбахт ташриф оварда, аз ҷараёни корҳои агротехникӣ, парвариши сабзавот ва лубиёиҳо шинос шуданд.

Боздид аз ҷараёни корҳои агротехникӣ ва парвариши сабзавот дар Хоҷагии деҳқонии "Маҳмадӣ" дар ноҳияи Ховалинг

Posted Sat, 07/16/2022 - 13:42
By shahnavoz

16 июл дар деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои агротехникӣ ва парвариши сабзавот дар Хоҷагии деҳқонии "Маҳмадӣ" боздид намуданд.

Хоҷагии деҳқонии "Маҳмадӣ" дар ноҳияи Ховалинг дар самти парваришу истеҳсоли сабзавот ва дигар намуди зироат таҷрибаи бой дошта, дар роҳи расидан ба яке аз 4 ҳадафи стратегии мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми шоиста мегузорад.

Боздид аз ҷараёни ҷамъоварии ғалла ва парвариши картошка дар Кооперативи истеҳсолии "Абдулло Сафолов" ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ховалинг

Posted Sat, 07/16/2022 - 12:51
By shahnavoz

16 июл дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Кооперативи истеҳсолии «Абдулло Сафолов» шинос шуда, ба ҷамъоварии ҳосили ғалла оғоз бахшиданд.

Кооперативи истеҳсолии «Абдулло Сафолов» дар деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг ҷойгир буда, соли 1993 таъсис ёфтааст ва дорои 22 гектар замин мебошад. Дар ин хоҷагӣ 12 нафар саҳмдор фаъолият доранд.

Шиносоӣ бо маданияти истифодаи замини наздиҳавлигии Илҳом Одинаев дар ноҳияи Ховалинг

Posted Sat, 07/16/2022 - 12:25
By shahnavoz

16 июл дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Илҳом Одинаев ташриф оварда, бо маданияти истифодабарии замини наздиҳавлигӣ шинос шуданд.

Ба истифода додани Коллеҷи тиббии ғайридавлатӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон

Posted Sat, 07/16/2022 - 12:24
By shahnavoz

16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Коллеҷи тиббии ғайридавлатиро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

 Коллеҷи тиббӣ дар маркази ноҳия аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Исмоил Садиров ва Абдулло Ҳасанов бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунëд карда шудааст. Масоҳати умумии иншоот 0,50 гектарро дар бар мегирад.