Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 дар деҳаи Сафедшаҳраки ноҳияи Ховалинг
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Сафедшаҳраки деҳоти Лоҳутӣ ташриф оварда, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро ифтитоҳ намуданд.
Муассисаи нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 17 синфхонаи таълимӣ мебошад, ки барои 680 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
