Суханронӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Бригадаи 7-уми ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ
Рафиқон генералҳо, афсарон, прапоршикҳо ва сарбозон!
Ҳамаи шумо – фарзандони далеру шуҷои Ватани маҳбубамонро ба ифтихори Рӯзи десантчиён ва 25-солагии таъсисёбии Бригадаи 7-уми десантӣ самимона табрик мегӯям.
Десантчиёни тоҷик ҳамчун яке аз сохторҳои муҳимми Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлоли кишварамон ва сипари боэътимоди давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб мераванд.
