Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳад шуд.
