Мулоқот бо Ноиби раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Хан Чжэн
17 май дар шаҳри Пекин дар доираи сафари давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Хан Чжэн мулоқот намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ масоили ҳамкории шарикию стратегии Тоҷикистону Чин баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Чин барои меҳмоннавозии анъанавӣ миннатдорӣ карда, аз натиҷаҳои намоёни ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун давоми 10 соли барқарор шудани муносибатҳои шарикию стратегӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
