Ифтитоҳи Бинои воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон

Posted Thu, 12/14/2023 - 16:41
By shahnavoz

14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Бинои воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлонро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти нав дорои ҳуҷраҳои кории кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, синфхонаҳо барои омӯзиш, толори маҷлис, ҷойи хоб, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасони техникӣ мебошад.

Боздид аз гармхонаи парвариши лимон дар Кооперативи истеҳсолии “Сомон-Бохтар” дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон

Posted Thu, 12/14/2023 - 16:40
By shahnavoz

14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз гармхонаи парвариши лимон дар Кооперативи истеҳсолии “Сомон-Бохтар” дар ноҳияи Кӯшониён боздид карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Кооперативи истеҳсолии “Сомон-Бохтар” дар масоҳати 50 гектар таъсис ёфта, майдони 3 гектарро боғ, 30 гектар пахта, 8 гектар ғалладонагиҳо, 1,5 гектар картошка ва 3,9 гектарро замини кишти хуроки чорво ташкил медиҳад.

Ифтитоҳи бинои маъмурии КВД “Маркази ҳифзи техникии иттилоот, сертификатсия ва экспертиза”-и Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Posted Thu, 12/14/2023 - 16:40
By shahnavoz

14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази ҳифзи техникии иттилоот, сертификатсия ва экспертиза”-и Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро мавриди истифода қарор доданд.

​Иншоот дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда, атрофи он бо гулу дарахтони ороишию ҳамешасабз кабудизор гардидааст.

Ифтитоҳи бинои маъмурии КВД “Бохтарнақлиётхизматрасон” ва муаррифии Лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон”

Posted Thu, 12/14/2023 - 16:38
By shahnavoz

14 декабр дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Корхонаи Воҳиди Давлатии “Бохтарнақлиётхизматрасон”-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтарро ба истифода дода, дар маросими муаррифии татбиқи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон” иштирок карданд.

Шиносоӣ бо лоиҳаи корхонаи истеҳсоли мототсиклҳои гуногунҳаҷми ҶДММ "Вахш саноат" дар ноҳияи Кӯшониён

Posted Thu, 12/14/2023 - 16:38
By shahnavoz

14 декабр дар ноҳияи Кӯшониён Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи корхонаи истеҳсоли мототсиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногунҳаҷми ҶДММ "Вахш саноат" шинос шуданд.

Корхонаи мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бунёд мешавад.

Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти дар оянда дар корхона истеҳсолшаванда муаррифӣ гардид.

Ифтитоҳи сардхонаи муосири ҶДММ “Сомон Агро Саноат” дар деҳоти Файзи Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён

Posted Thu, 12/14/2023 - 16:37
By shahnavoz

14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Файзи Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён сардхонаи муосири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомон Агро Саноат”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Сардхона дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо маблағгузории ширкати “Сомон Агро Саноат” бунёд гардида, имкони дар шароити хуб нигоҳубини то 2 ҳазор тонна меваю сабзавотро доро мебошад.

Шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ва кӯдакистону гармхона дар ҳудуди филиали донишгоҳ

Posted Thu, 12/14/2023 - 16:36
By shahnavoz

14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо лоиҳаҳои  бунёди филиали донишгоҳ дар ноҳияи Данғара ва кӯдакистону гармхона дар ҳудуди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон шинос шуданд.

Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иқдом гирифтааст, ки бунёди филиали донишгоҳи мазкур дар ноҳияи Данғараро ба роҳ монад.

Ифтитоҳи бинои нави таълимии филиали Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон

Posted Thu, 12/14/2023 - 12:37
By shahnavoz

14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо раванди тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, шароити зиндагии сокинон, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва амалишавии барномаҳои давлатӣ, вазъи корҳои кишоварзӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар шаҳри Левакант Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар масъулон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Posted Wed, 12/13/2023 - 13:28
By shahnavoz

13 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бинои наву замонавии Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина”-ро, ки бо тарҳ ва шакли зебо бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат бо шароиту имконоти бинои нав шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Ифтитоҳи бинои Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ

Posted Wed, 12/13/2023 - 11:05
By shahnavoz

13 декабр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.