Мо акнун 35-сола шудем
35-фасли шукуфтанҳову рустанҳо дар гулбоғи истиқлол.Дар оғуши сарзамини орзуҳо ва қадамҳои устувор дар роҳи пешрафт ва шукуфоии ТОҶИКИСТОН.
35-фасли шукуфтанҳову рустанҳо дар гулбоғи истиқлол.Дар оғуши сарзамини орзуҳо ва қадамҳои устувор дар роҳи пешрафт ва шукуфоии ТОҶИКИСТОН.
12 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масоили ҳалталаб машварати корӣ доир намуданд.
Дар машварат, ки бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва як қатор масъулини давлатӣ ҷараён гирифт, масоили вобаста ба созандагию бунёдкорӣ ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳи зимистони оянда баррасӣ шуд.
28 май таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он, нахуст, дар бораи лоиҳаи Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва лоиҳаи Барномаи рушди саноати фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода шунида шуд.
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати иди Қурбон самимона табрик мегӯям.
Ба ҳар яки шумо саломативу хушҳолӣ ва дар хонадонатон осоишу оромӣ орзу менамоям.
Иди Қурбон яке аз муҳимтарин ойинҳои дини мубини ислом мебошад ва фазилатҳои зиёде дорад.
Тақвияти дӯстиву муҳаббати байниҳамдигарӣ, тарғиби арзишҳои ахлоқӣ, анҷом додани амалҳои хайр, поси эҳтироми падару модарон ва калонсолон, дастгирии камбизоатҳову ниёзмандон ва сарфаю сариштакорӣ аз зумраи фазилатҳои ин ид мебошанд.
26 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдонро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили вобаста ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Баҳрайн ва мавзӯъҳои байналмилалию минтақавии мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуд.
26 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободиро, ки барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушди муносибатҳои ду кишвар баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо ба густариши робитаҳо дар бахшҳои иқтисод, саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳсозӣ ва ҳамлу нақл таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
26 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуданд.
Сарвари давлат дар оғози суҳбат ба Ли Ҷунҳуа, ки ҳамраиси “Раванди оби Душанбе” мебошад, барои ташриф ба Тоҷикистон ва иштироки фаъол дар конфронси мазкур ва ҳам аз саҳми намоёни доимияш дар ин раванд арзи қаноатмандӣ намуданд.
26 май дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба кори худ оғоз намуд, ки дар ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конфронс бо маросими аксгирии меҳмонон, роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои хориҷ оғоз гардид.
Олиҷанобон,
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Пеш аз ҳама, ташрифи ҳар яки шуморо ба сарзамини бостонии Тоҷикистон самимона хайрамақдам мегуям!
Барои мо мояи ифтихор аст, ки имрӯз дар доираи Раванди оби Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028» баргузор мегардад.
Ин конфронс ба ташаккули уҳдадориҳои муштараки мо барои таҳкими ҳамкорӣ ва суръат бахшидан ба амалҳо ҷиҳати ҳалли яке аз мавзӯъҳои ҳассоси замони муосир мусоидат мекунад.
25 май дар Қасри миллат маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ баргузор гардид.