Файзалӣ Ҳасанов

Posted Fri, 06/19/2026 - 17:31
By shahnavoz

Файзалӣ Ҳасанов (Файзалӣ Ҳасан) — яке аз маҳбубтарин ва шинохтатарин овозхонон, оҳангсозони суннатӣ ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон мебошад, ки дар рушди мусиқии халқӣ ва жанри «Фалак» саҳми арзанда гузоштааст.
​Сана ва ҷойи таваллуд
​Файзалӣ Ҳасанов 19-уми июни соли 1948 дар деҳаи Сангонели ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (собиқ Москва)-и вилояти Хатлон ба дунё омадааст (дар баъзе сарчашмаҳо зодгоҳашро ноҳияи Ш. Шоҳин низ зикр мекунанд, ки ба ҳам наздиканд).
​Таҳсилот
​Соли 1968 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо хатм кардааст.

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён

Posted Thu, 06/18/2026 - 19:11
By shahnavoz

Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, муҳтарам Масъуд Пизишкиён сурат гирифт.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ба мардуми Эрон ва роҳбарияти он ба муносибати дастёбӣ ба созиши сулҳ миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико табрикоти самимӣ изҳор намуданд.

Барқияи табрикӣ ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ

Posted Thu, 06/18/2026 - 19:11
By shahnavoz

18 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Волоҳазрат,

Дар иртибот ба нақши миёнҷигарии созандаи Давлати Қатар дар роҳи расидан ба созиши сулҳ миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Шумо табрикоту таҳнияти самимии моро иброз менамоям.

Барқияи табрикӣ ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф

Posted Thu, 06/18/2026 - 19:10
By shahnavoz

18 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли эҳтиром Шуморо ба муносибати нақши муассири миёнҷигариатон дар роҳи расидан ба созиши сулҳ байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Исломии Эрон самимона табрик мегӯям.

Барқияи табрикӣ ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп

Posted Thu, 06/18/2026 - 19:08
By shahnavoz

18 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ, 

Бо камоли эҳтиром ва самимият ба Шумо ва мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико табрикоту таҳнияти инҷонибро ба муносибати расидан ба  созиши сулҳ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон иброз менамоям.

Барқияи табрикӣ ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён

Posted Thu, 06/18/2026 - 19:04
By shahnavoz

18 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли эҳтиром Шумо ва мардуми шарифи Ҷумҳурии Исломии Эронро ба муносибати дастёбӣ ба созиши сулҳ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико самимона табрик мегӯям.

Изҳори ҳамдардии Пешвои миллат бинобар марги фоҷиавии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот

Posted Wed, 06/17/2026 - 17:58
By shahnavoz

Субҳи имрӯз 17-уми июн Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Мирзонабот дар натиҷаи садамаи нақлиётие, ки дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз рух дод, ба таври фоҷиавӣ ҳалок гардид.

Алишер Мирзонабот аз ҷумлаи кадрҳое буд, ки вазифаҳои хизматии худро ҳамеша содиқона ва бо масъулияти баланд иҷро мекард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинобар марги фоҷиавии Алишер Мирзонабот ба наздикону пайвандони ӯ изҳори ҳамдардӣ карда, хоҳони сабри ҷамил ба онҳо шуданд.

22 июн дар ҷумҳурӣ даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардида, то 30 июн идома меёбад.

Posted Wed, 06/17/2026 - 13:50
By shahnavoz

22 июн дар ҷумҳурӣ даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардида, то 30 июн идома меёбад.

Даври дуюми озмун дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт доир мешавад.

20 ва 21 июн дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор мегарданд.

Posted Wed, 06/17/2026 - 13:49
By shahnavoz

20 июн дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Панҷакент, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ аз ноҳияи Кӯшониён ва дар Боғи «Ирам» Рӯзи фарҳанги шаҳри Исфара баргузор мешаванд.

Ҳамчунин 21 июн дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар Боғи «Ирам» Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҳамадонӣ ва дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор мегардад.

Ҳисоботи телефонии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид

Posted Tue, 06/16/2026 - 19:57
By shahnavoz

 

16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ ҳисоботи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро доир ба рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладона ва меваю сабзавот шунида, оид ба суръат бахшидан ба кишти такрорӣ ва пурсамар истифода бурдани заминҳои корами обӣ супоришҳои мушаххас доданд.