20 ва 21 июн дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор мегарданд.
20 июн дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Панҷакент, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ аз ноҳияи Кӯшониён ва дар Боғи «Ирам» Рӯзи фарҳанги шаҳри Исфара баргузор мешаванд.
Ҳамчунин 21 июн дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар Боғи «Ирам» Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҳамадонӣ ва дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор мегардад.
Дар ин рӯз кишоварзону ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои мамлакат маҳсули дасти худро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт мегардонанд. Санъаткорон бо пешниҳоди барномаи рангини консертӣ ба ин чорабинӣ фазои идона мебахшанд.
Тавре қаблан иттилоъ додем, аз шуруъ аз 6 июни соли равон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳар ҳафта, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардида истодаанд.
