Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва хизматчиёни давлатӣ дар шаҳри Гулистон

Posted Wed, 11/15/2023 - 10:41
By shahnavoz

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои истиқоматӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 14 ҳуҷра бо тамоми шароити зарурӣ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди хонаҳои истиқоматиро ба оилаҳои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва хизматчиёни давлатӣ супорида, онҳоро ба ин муносибат табрику таҳният намуданд.

Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Tue, 11/14/2023 - 14:41
By shahnavoz

14 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии сокинони вилоят дидан карда, бо вазъи соҳа ва дастовардҳои меҳнаткашон шинос шуданд.

Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус намоиши картошка 14 шаҳру ноҳияи кишоварзии вилояти Суғд иштирок карданд.

Дар намоиш аз ҷониби кишоварзони вилоят зиёда аз 10 навъи картошка, инчунин зиёда аз 30 намуд хӯрокаҳо аз картошка омодашуда пешниҳод гардид.

Боздид аз сардхонаҳои Боғи миллии “Ваҳдат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Tue, 11/14/2023 - 14:41
By shahnavoz

14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз сардхонаҳои Боғи милии “Ваҳдат” боздид намуданд.

Боғи миллии “Ваҳдат” дар ихтиёри худ ду сардхонаи замонавӣ дорад, ки ғунҷоиши онҳо беш аз 1500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

Дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маданияти истифодаи имконияти сардхонаҳо шинос шуданд.

Ба истифода додани кӯдакистони “Ситораҳои дурахшон” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Tue, 11/14/2023 - 14:40
By shahnavoz

14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Обшорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави муассисаи томактабии №14 ба номи “Ситораҳои дурахшон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нав аз се ошёна иборат буда, дорои ҳуҷраҳои корӣ, машғулиятгузаронию истироҳатӣ мебошад ва барои таълиму тарбияи 200 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.

Ифтитоҳи Муассисаи таълимии давлатии “Литсейи №1” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Tue, 11/14/2023 - 14:13
By shahnavoz

14 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи омодагиҳо ба таҷлили шоистаи ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳоти Хистеварз Муассисаи таълимии давлатии “Литсейи рақами 1”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба истифода додани бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 40 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Tue, 11/14/2023 - 14:12
By shahnavoz

Дар ҷараёни сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин муассиса соли 1967 барои таҳсили 320 нафар хонанда бунёд гардидаааст.

Муассиса дорои 16 синфхона, ошхона, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ, кабинетҳои таълимии муҷаҳҳаз бо технологияи иттилоотӣ ва лингофонӣ мебошад.

Ба истифода додани хатти оби нӯшокӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Tue, 11/14/2023 - 14:10
By shahnavoz

14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали “Лоиҳаи барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаҳои оби нӯшокии деҳоти Зарзамин” -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди истифода қарор доданд.

Бо пурра татбиқ шудани лоиҳаи мазкур, ки 2 марҳиларо дар бар мегирад, зиёда аз 14 ҳазор нафар сокинони деҳоти Зарзамин бо оби ошомиданӣ таъмин хоҳанд шуд.  

Ба истифода додани бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров

Posted Tue, 11/14/2023 - 14:09
By shahnavoz

14 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуровро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он ошно гардиданд.

Пардабардорӣ аз рӯйи Муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров

Posted Tue, 11/14/2023 - 13:53
By shahnavoz

14 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи Муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров пардабардорӣ намуданд.

Ба истифода додани майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Tue, 11/14/2023 - 13:52
By shahnavoz

14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - шаҳраки Ғафуров дар вазъияти тантанавӣ майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд.

Майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ дар мавзеъи марказии шаҳраки Ғафуров дар масоҳати 1,2 га дар асоси лоиҳаи ҷолиб ҳамчун нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ бунёд карда шудааст.

Бо садо додани суруди миллӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуд.