Фестивали ХIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» оғоз гардид.

Posted Tue, 08/27/2024 - 15:40
By shahnavoz

Шоми дирӯз дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон Фестивали ХIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» оғоз гардид.

Дар маросими ифтитоҳи фестивал вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон- Сатториён Матлубахон Амонзода иштирок намуданд.

Дар Фестивали XIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» беш аз 300 намоянда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд.

Бори аввал дар фестивали мазкур дар қатори аъзои ҳакамон аз 10 давлати дунё аз Тоҷикистон мусиқишинос, доктори илми санъатшиносӣ, узви Иттифоқи оҳангсозони тоҷик Аслиддин Низомов иштирок мекунад.

Дар ин фестивал дастаи ҳунармандони Тоҷикистон ва дигар санъаткорон мусиқии суннатии тоҷикро муаррифӣ менамоянд.

Фестивал дар ду сол як маротиба танҳо дар Ҷумҳурии Узбекистон доир мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ин Фестивали байналмилалии мусиқӣ соли 1997 бо ташаббуси Созмони ЮНЕСКО ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон таъсис дода шуда, марказаш дар Кореяи Ҷанубӣ ҷойгир аст.