Боздид аз маконҳои таърихии шаҳри Санкт-Петербург
26 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз маконҳои таърихии шаҳри Санкт-Петербург, аз ҷумла осорхона-мамнӯъгоҳи “Павловск”, қасри Екатерининаи осорхона-мамнӯъгоҳи “Дарбори подшоҳӣ” ва Қасри бузурги Петергофи осорхона-мамнӯъгоҳи “Петергоф” боздид намуданд.
Дар саҳни осорхона-мамнӯъгоҳи “Павловск” Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин истиқбол гирифтанд.
Ба роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба таърихи осорхона-мамнӯъгоҳҳо ва санъати меъмории онҳо маълумоти муфассал пешниҳод гардида, намоиши фарҳангӣ баргузор шуд.