Нишасти мабуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар бинои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита ва сохторҳои зертобеъи он дар нимсолаи аввали соли 2023 баргузор гардид, ки дар он ба саволҳои сершумори намояндагони ВАО раиси Кумита Саид Нуриддин Саид, муовинони раис ва роҳбарони сохторҳои зертобеъ посух гуфтанд.
Бояд гуфт, ки бо дарназардошти пешакӣ ба сомонаи расмии Кумита ва шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта шудани маълумотномаи муфассал оид ба фаъолияти сохторҳои Кумита дар нимсолаи якуми соли 2023 нишасти матбуотӣ бо пешниҳоди саволҳои рӯзноманигорон шурӯъ гардид.
Аз ҷумла, оид ба рафти ислоҳоти соҳаи телевизион ва радио қайд карда шуд, ки дар ин самт татбиқи ду барномаи муҳимми давлатӣ – “Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва “Барномаи давлатии рушди пахши телевизони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024” давом дорад.
Дар доираи банди 1-и Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 вобаста ба омода намудани журналистони барномаҳои муаллифӣ, рўзноманигорони соҳавӣ ва сенариянависон Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” дар шашмоҳаи якуми соли 2023 барои кормандони шабакаҳои телевизион, радио ва матбуоти даврии ҷумҳурӣ, дар маҷмўъ, 12 машғулияти омўзишӣ баргузор намудааст. Дар ин машғулиятҳо беш аз 200 нафар кормандони шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва нашрияҳои даврии кишвар иштирок намуда, ба 158 нафари инҳо сертификати муассиса супорида шудааст, ки аз ин ҷумла 33 сертификат соҳавӣ мебошад.
Дар посух ба саволи хабарнигорон оид ба фарогирии мавҷи барномаҳои телевизионию радиоӣ гуфта шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани фарогирӣ ва пахши барномаҳои телевизион ва радиои давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар доираи татбиқи марҳилаи 4-уми «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» корҳои омодагиву таъмири бинои техникӣ ва хати барқ дар макони насби фиристандаҳои рақамӣ дар маҳалҳои Ҳоити ноҳияи Рашт, Чуҷалии шаҳри Ҳисор, Гулхаси шаҳри Турсунзода, Мотравни ноҳияи Ванҷ, Шитам ва Сохчарви ноҳияи Шуғнон, Шикуши ноҳияи Роштқалъа, Ганҷинаи ноҳияи Хуросон, Даштиҷум ва Порвори ноҳияи Шамсиддин Шоҳин анҷом дода шуданд. Дар баробари ин, корҳои омодагӣ дар деҳаҳои Ғеш ва Дашти Ар-ари ноҳияи Муъминобод, Миёнаду ва Чилдараи ноҳияи Сангвор, Лаккони шаҳри Исфара бо маром идома дорад.
Дар доираи Барнома омода намудани 12 адад манора бо баландии аз 12 м то 18 м вобаста ба минтақаи ҷойгиршавии истгоҳҳои радиотелевизионии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон корҳои васлу кафшергарӣ оғоз гардидааст.
Иҷрои марҳилаи 4-уми «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024», ки насби 30 фиристандаи рақамиро дар назар дорад, то охири соли 2023 ба анҷом расида, имкон медиҳад, ки фарогирии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ бо пахши рақамӣ ба 83% расонида шавад.
Ҳамчунин дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон телевизиони “Хатлон” бо насби таҷҳизоти муосир ба пахши рақамии дақиқияташ баланди HD гузаронида шуд, қайд гардид дар нишасти матбуотӣ.
Дар ҷавоб ба саволи хабарнигорон оид ба беҳтар сохтани муҳтавои барномаҳои телевизионию радиоӣ қайд гардид, ки шуроҳои бадеӣ ва таҳририяи Кумита дар нимсолаи якуми соли 2023 127 барномаи калонҳаҷми телевизиониву радиоӣ, филмҳои мустанад, инчунин 52 ролику лавҳаи навро, ки аз ҷониби ҳайатҳои эҷодию техникии шабакаҳои телевизиону радиои Кумита бахшида ба ҷашнҳои милливу давлатӣ, аз ҷумла ба муносибати ҷашни Сада, 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Модар, Ҷашни байналмилалии Наврўз, Рўзи Шашмақом, Рўзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷашни Тиргон, Рўзи Ваҳдати миллӣ ва ҷашну чорабиниҳои дигари ҷумҳуриявию байналмилалӣ пешниҳод гардида буд, баррасӣ намуда, такмил доданд. Аз ҷумла, ҷиҳати баланд бардоштани тарбияи фарҳангии ҷомеа, ҷалби васеи ҳаҷвнигорону ширинкорон, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод, пайдо кардани гурўҳҳои нави ҳаҷвӣ, ташаккул додани раванди вусъати неруи эҷодӣ, фароҳам овардани имкониятҳои густурдаи инкишоф барои жанрҳои ҳаҷвӣ дар шабакаи ТВ “Тоҷикистон” шоу-озмуни ҷумҳуриявӣ-телевизионии “Тамошо” ташкил карда шуд, ки то имрўз 15 нашри он пахш шуда, дар онҳо ҳаваскорон ва гурўҳҳои касбӣ аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуда, маҳорату истеъдоди худро пешниҳоди доварон гардониданд. Дар ин самт ҳамчунин дар дигар шабакаҳои телевизион, аз ҷумла, «Телевизиони Сафина», “Ҷаҳонннамо”, “Баҳористон”, “Синамо”, “Варзиш”, “Илм ва табиат”, “Шаҳнавоз”, “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” лоиҳаву барномаҳои нав пешниҳоди бинандагон гардонида шуд.
Инчунин, дар ин давра Радиои “Тоҷикистон”, шабакаҳои радиоии «Овози тоҷик», «Садои Душанбе» ва «Фарҳанг» беш аз 5 040 барнома ва тариқи 5 687 нашри иттиллоотӣ 35 660 хабару гузориш (Радиои Тоҷикистон-1 951 барнома ва 13 500 хабару гузориш, “Садои Душанбе”-950 барнома ва 9 000 хабару гузориш, “Фарҳанг”- 740 барнома ва 5 160 хабару гузориш ва “Овози тоҷик”-1 400 барнома ва 8 000 хабару гузориш)-ро тақдими шунавандагон намуданд.
Аз ҷониби дастаҳои ҳунарии Кумита бошад, дар нимсолаи якуми соли 2023 28 барномаи консертӣ-телевизионии бахшида ба чорабиниҳои таърихиву фарҳангӣ таҳия ва ба навор гирифта шуда, таълимгирандагони Мактаби бачагонаи рақсии кўдаконаи «Меҳрона» 5 барномаи телевизиониро сабт намуданд. Ҳамзамон, 2 барномаи фарҳангӣ барои кормандони НБО “Роғун”, барномаи фарҳангӣ барои таълимгирандагони мактаб-интернати кўдакони ятим ва як барномаи фарҳангӣ барои сарбозони яке аз қисмҳои низомии мамлакат намоиш дода шуд.
Дар ҷавоб ба саволи хабарнигорон оид ба рафти сохтмони бинои истиқоматӣ гуфта шуд, ки айни ҳол дар ин самт корҳо ҷараён дорад. Барои бунёди бинои истиқоматӣ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе 35 садяк замин ҷудо шуд. Гуфта шуд, ки бино аз 144 ҳуҷра иборат буда, дар ояндаи наздик корҳои сохтмонии он оғоз мешавад. Ҳамчунин, дар нишаст гуфта шуд, ки телевизиони вилоятии «Хатлон» ба пахши рақамӣ гузашт ва дар нақша аст, рўзҳои наздик телевизиони шаҳри Кўлоб низ ба ин формат гузаронида мешавад.
Ҳамчунин хабарнигорон ба саволҳои худ аз ҷониби раиси Кумита, муовинони раис ва директорони шабакаҳои телевизион ва радио дар бораи мавзӯъҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳи хеш ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.