Конфронси дуюми байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”
7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 - 2028” Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Ҳелга Шмидро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот маҷмуи масоили ҳамкории Тоҷикистону Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баррасӣ гардид.
