Ифтитоҳи Корхонаи парандапарварии “Ҳилол” дар деҳаи Сароби деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ
26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ, вусъати кишти тирамоҳӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сароби деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ Корхонаи парандапарварии “Ҳилол”-ро ба истифода дода, бо фаъолияти он шинос гардиданд.
