Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба муносибати “Рӯзи милитсияи тоҷик”
10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати “Рӯзи милитсияи тоҷик” иштирок ва суханронӣ карданд.
