Боздид аз ҷараёни кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти ба номи Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат
25 октябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо рафти кишти тирамоҳӣ ва самараи меҳнати кишоварзон шинос шуданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти кишти тирамоҳӣ ва нашъунамои сабзавот дар Хоҷагиҳои деҳқонии “Лола”, “Манзура” ва “Қодир”-и деҳоти Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат шинос шуданд.
Хоҷагидорони деҳоти Абдулло Абдулвосиев кишти тирамоҳии пиёз ва ғалла гузаронида, заминро барои анҷом додани кишти картошкаи барвақтӣ омода кардаанд.
Дар ҳудуди деҳоти Абдулло Абдулвосиев 2 225 гектар замини корам мавҷуд мебошад, ки аз ин 1 888 гектараш обӣ аст. Истеҳсоли меваву ангур, ғалладонагиҳо, сабзавот, картошка, полезӣ ва пахта самти асосии фаъолияти сокинони деҳотро ташкил медиҳад.
Дар кишти асосӣ меҳнаткашон парвариши ғалла, лубиёгиҳо, пиёз, картошка ва дигар намуди маводи ғизоиро ба роҳ монданд. Аз ҳисоби кишти такрорӣ бошад, макка барои дон, карам, бодиринг ва хӯроки чорво истеҳсол карда шуд.
Айни замон раванди корҳои саҳроӣ бо истифода аз тамоми имконият ҷараён дорад ва асосан аз ҳамин ҳисоб бозори истеъмолӣ бо маводи ғизоии барвақтӣ таъмин карда мешавад.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагидорон Сарвари давлат аз намоишгоҳи дастовардҳои меҳнати сокинони шаҳри Ваҳдат дидан карданд.