Ифтитоҳи Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯӣ дар ноҳияи Деваштич
12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қалъаи Дӯсти деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии Раҳматуллоро ифтитоҳ намуданд.
Иқтидори коргоҳ дар як моҳ истеҳсоли 5 ҳазору 200 пойафзол мебошад ва дар он пойафзоли кӯдакона, занона ва мардона истеҳсол мегардад.
Коргоҳи нави истеҳсолӣ дар доираи иқдомҳои рушди саноат ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Раҳматулло Нуруллоев сохта шудааст.
