Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ “Сарҷамъ” дар деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ
26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарҷамъ”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхона дар майдони 0,32 гектар замин аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Маҳмадюсуф Ятимов бунёд шуда, баъди ифтитоҳ 70 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
