Мулоқот бо Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо
29-уми апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар вохӯрӣ раванди татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд маблағгузоришаванда дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, хусусан дар таҳкими низоми молиявӣ, рушди бахши хусусӣ, соҳаҳои нақлиёт, энергетика, обтаъминкунии аҳолӣ ва беҳсозии сифати хизматрасониҳои коммуналӣ баррасӣ шуд.
