Суханронӣ дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ
Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ!
Намояндагони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни сиюмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии аминияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям.
Ҳифзу ҳимояи сарҳади давлатӣ, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии давлат ба зиммаи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун ҷузъи муҳимми Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол гузошта шудааст.
