Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
27-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Маяковскии ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-ро мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо тарҳи хеле зебо ва мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд шуда, дар арафаи соли нави хониш тӯҳфаи арзанда барои омӯзгорону хонандагони ин муассиса номида шуд.
