Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан дар шаҳри Кӯлоб
5 октябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб идома ёфт.
Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Мабноро ба истифода доданд.
Корхона дар масоҳати 7 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, бо хатҳои технологии муосир муҷаҳҳаз мебошад. Иқтидори истеҳсолии он 32 тонна маҳсулот дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад.
