Боздид аз Осорхонаи давлатии Эрмитаж
22 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия якҷо бо дигар сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз маконҳои таърихии шаҳри Санкт-Петербург, аз ҷумла Осорхонаи давлатии Эрмитаж боздид намуданд.
Дар осорхонаи Эрмитаж Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин истиқбол гирифтанд.
