Ба истифода додани ҶДММ Тиглат дар шаҳри Гулистон
20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли ранг ва хокаи хушки сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Тиглатро ба истифода доданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корхона бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, дорои иқтидори баланди истеҳсолӣ мебошад. Фаъолияти он ба истеҳсоли маводи гуногуни сохтмонӣ, лавозимот барои воситаҳои нақлиёт, маснуоти нимтайёр ва тайёр аз пластмасса, инчунин маснуоти фулузӣ, ки бо технологияи кӯфтан омода мешаванд, равона гардидааст.
