Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Канда
4 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд.
Сарвари давлат Масато Кандаро ба муносибати интихоб шуданаш ба мансаби Президенти Бонк табрик гуфта, ташрифи нахустини мавсуфро ба Тоҷикистон нишонаи таваҷҷуҳи махсуси ин ниҳоди молиявӣ ба таҳкими ҳамкории дарозмуддати ҷонибҳо арзёбӣ намуданд.
