ПРЕЗИДЕНТИ ФФТ РУСТАМ ЭМОМАЛӢ ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҚАДРДОНӢ НАМУД
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ, дастаи мунтахаби кишварро, ки дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа бомуваффақият баромад мекунад, қадрдонӣ намуд.
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ, дастаи мунтахаби кишварро, ки дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа бомуваффақият баромад мекунад, қадрдонӣ намуд.
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бозӣ миёни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Урдун, ки дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар шаҳри Давҳаи давлати Қатар бо ҳам рақобат мекунанд, иштирок хоҳад кард.
Дар ин бора телеграмканали расмии президенти ФФТ хабар додааст.
Ба хотири сазовор пешвоз гирифтани рузи модарон Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон "Шахнавоз" озмуни телевизионии суруди модарро эълон менамояд. Хоҳишмандон метавонанд ба нишонии дар навор нишондодашуда сурудҳои баландмазмунро пешниҳод намоянд.
Ҳамкориҳои самарабахш ба хотири Тими миллӣ бо МД рузномаи "Ҷавонони Тоҷикистон".
"Ҷавонони саодатманду ифтихоровари мо ҲАМЕША БА ПЕШ". Тими миллии Тоҷикистон тавонист, ки бори дигар мардуми шарафманди моро зери як парчам, як ҳадаф ва як сиёсат сарҷамъ намояд...
Имрӯз дар бинои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита ва сохторҳои зертобеъи он дар соли 2023 баргузор гардид, ки дар он ба саволҳои сершумори намояндагони ВАО раиси Кумита Саид Нуриддин Саид ва роҳбарони сохторҳои зертобеъ посух гуфтанд.
Дар оғоз раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид доир ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои кумита дар соли 2023 бо маърўза баромад намуд.
24 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар гардиданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Давҳа меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос Вазири давлатии Вазорати корҳои хориҷии Қатар доктор Муҳаммад ибн Солеҳ ал-Хулайфӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ ба Давлати Қатар сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.
Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.
28 декабри соли 2023 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.