Нишасти мабуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар бинои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита ва сохторҳои зертобеъи он дар соли 2023 баргузор гардид, ки дар он ба саволҳои сершумори намояндагони ВАО раиси Кумита Саид Нуриддин Саид ва роҳбарони сохторҳои зертобеъ посух гуфтанд.
Дар оғоз раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид доир ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои кумита дар соли 2023 бо маърўза баромад намуд.
Зикр гардид, ки Шурои таҳририяи Кумита давоми соли 2023 матни 41 барномаи калонҳаҷми ҷашнӣ, филмҳои мустанад ва намоишҳоро таҳрир, такмил ва баррасӣ карда, барои сабт ва пахш пешниҳод намуд.
Вобаста ба рафти ислоҳоти соҳаи телевизион ва радио қайд карда шуд, ки дар ин самт татбиқи ду барномаи муҳимми давлатӣ– “Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва “Барномаи давлатии рушди пахши телевизони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024” амалӣ мегардад.
Давоми соли 2023 барои тайёр намудани журналистони барномаҳои муаллифӣ, рўзноманигорони соҳавӣ ва сенариянависон дар “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” 20 машғулияти омӯзишӣ, 14 машғулияти тахассусӣ ва 6 машғулияти соҳавӣ ташкил шуда, дар онҳо 313 нафар корманди эҷодию техникии шабакаҳои телевизиону радио ва нашриёти даврӣ иштирок намуда, соҳиби сертификат шудаанд.
Соли 2023 байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои марбутаи кишварҳои хориҷ ҷиҳати рушду таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи телевизион ва радио се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар давраи ҳисоботӣ 17 рўзноманигор аз кумита ва воҳидҳои сохтории он дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта шуданд.
Соли 2023 барои кормандони эҷодию техникии телевизиони «Сафина» соли хотирмону таърихӣ буд, зеро дар ин сол онҳо соҳиби бинои наву замонавӣ гаштанд. Бинои наву замонавии Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина”, ки бо тарҳ ва шакли зебо бунёд гардидааст, 13-уми декабри соли 2023 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод шуд. Дар ин замина кормандони муассиса бо шароити хуби кории муосиру зарурӣ таъмин гардиданд.
Соли 2023 Идораи телевизиони “Хатлон” баъди насби таҷҳизоти муосири мувофиқ ба пахши рақамии дақиқияташ баланди HD гузаронида шуд.
Дар ин давра студияи 2-юми “Телевизиони Тоҷикистон” бо дизайни наву замонавӣ навсозӣ шуда, бо таҷҳизоти муосиру зарурии техникӣ муҷаҳҳаз гардид.
Ҳамчунин, студияи таълимии телевизионии факултети журналистикаи “Телевизиони ДМТ” Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуд.
Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Телерадиоком» соли 2023 ҷиҳати амалӣ намудани марҳилаи 4-уми «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» дар истгоҳҳои радиотелевизионие, ки тибқи нақша бояд фиристандаҳои рақамӣ насб гарданд, корҳои омодагиву таъмири биноҳои техникӣ ва санҷиши хатти барқ пурра анҷом дода шуданд. Инчунин, барои татбиқи барномаи мазкур аз ҷониби мутахассисони ҷамъият барои 14 истгоҳи радиотелевизионӣ дар маҳалҳои Ҳоити ноҳияи Рашт, Ғеш ва Дашти Ар-Ари ноҳияи Муъминобод, Овозкўҳи ноҳияи Нуробод, Мотравн ва Даштаки ноҳияи Ванҷ, Саричашма, Даштиҷум, Порвор ва Кафтари ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара, Шитами ноҳияи Шуғнон ва Баррўшони ноҳияи Рўшон биноҳои техникӣ барои нигоҳдории фиристандаҳои рақамӣ ва манораҳои телевизионии аз 12 то 18-метра бунёд карда шуд.
Соли 2023 фарогирии аҳолӣ дар мамлакат бо пахши рақамӣ ба 83, 4% расонида шуд.
Раиси кумита Саид Нуриддин Саид таъкид доштанд, ки кормандони бойгонии кумита соли 2023 23 маводи мукаммал ва навори намоишҳои идона, ки бо иштирок ва суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуданд, ба хазина ворид намуданд.
Дар ин давра маводи 1213 фитта аз формати SP ва 569 фитта аз формати DVC ба рақамӣ (ба компютер) баргардонида шуд. Кори арзишманде, ки соли 2023 дар бахши ба хазина гирифтани маводи телевизионии Бойгонӣ анҷом дода шуд, ба компютер баргардонидани мавод аз фиттаҳои формати VHS мебошад. Дар хазина бо ҳамин формат 462 фитта нигаҳдорӣ мешавад ва дар давоми соли 2023 маводи ин фиттаҳо ба рақамӣ баргардонида шуд.
Гурўҳи тармим ва барқарорсозии маводи хазина соли 2023 27 фиттаи суруду оҳангҳои хазинаи сабти овозро бо ғунҷоиши 3267 суруду оҳанг ва силсилаи 28 хониши бадеиро бо 479 гуфтор бо риояи меъёрҳои муайяни техникӣ – бадеӣ коркард ва барқарор намуданд. Ин гурўҳ дар маҷмўъ бештар аз 167 дискро бо ғунҷоиши 18324 суруду мусиқӣ ва 185 дискро бо ғунҷоиши 2113 гуфтори адабӣ коркард намудаанд.
Айни замон дар Тоҷикистон 101 шабакаи давлативу хусусии телевизиону радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, аз ҷумла, 15 телевизиону 10 радиои давлатӣ, 18 телевизиони хусусӣ, 16 телевизиони ноқилӣ, 4 телевизиони IP (Ай Пӣ), 24 радиои хусусӣ ва 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият доранд.
Дар нишаст намояндагони васоити ахбори омма ба саволҳои худ оид ба паҳлӯҳои фаъолияти кумита ва сохторҳои он посухҳои мушаххас гирифтанд.