Ифтитоҳи «Маркази рушди малакаҳои касбӣ» дар шаҳри Роғун

Posted Fri, 09/27/2024 - 11:06
By shahnavoz

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва боздид аз раванди корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун  ташриф оварданд.

Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон нахуст  бо ифтитоҳи Маркази рушди малакаҳои касбӣ оғоз гардид.

Иншооти хуштарҳу замонавии навбунёд дар шаҳри Роғун  бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби 2,9 миллион доллари ИМА аз шарикони хориҷии рушд дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмин ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтарсозии малакаи касбӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи меъморӣ бунёд гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки «Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар шаҳри Роғун» аз бинои таълимӣ ва хобгоҳи 4-ошёна бо 130 ҷойи хоб, 8 устохонаи таълимӣ ва биноҳои ёрирасон иборат аст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот тибқи лоиҳаи тарҳрезишуда ва талаботи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шудааст.

Бинои Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар шаҳри Роғун ба маблағи 32 миллион сомонӣ дар масоҳати умумии беш аз 2 гектар бунёд гардидааст.

Шароити муҳайёгардида дар ин марказ имконият медиҳад, ки раванди таълим дар як баст барои то 150 нафар ба роҳ монда шавад ва ҳамин тариқ дар як сол беш аз 1800 нафар ба омӯзиш фаро гирифта шаванд.

Маркази рушди малакаҳои касбӣ аз 10 синфхонаи барҳавои таълимӣ бо 90 компютер, толорҳои таҷрибаомӯзӣ ва бисёрфунксионалӣ, ҳуҷраҳои машваратӣ, санитарию гигиенӣ, маъмурӣ, маҷлисгоҳ бо 135 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Дар раванди сохтмони иншооти мазкур беш аз 200 нафар сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ҷалб гардида буданд. Баъди ба истифода додани Марказ 38 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар марказ дар баробари омӯзиши 4 касби соҳаи барқ ҳамчунин омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла  англисӣ, русӣ ва кореягӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳар як хонанда баъди хатм соҳиби сертификати байналмилалӣ мегардад.

Дар Маркази рушди малакаҳои касбӣ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ба роҳ монда шудааст. Шароити фароҳамгардида дар маркази мазкур имкон медиҳад, ки новобаста ба синну сол нафароне, ки хоҳишу завқи соҳибкасб шудан доранд, метавонанд дар ин ҷо ба омӯзиш касбҳои гуногун  фаро гирифта шаванд.

Иншооти навбунёд бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин буда, дар он камераҳои назоратӣ насб гардидааст.

Ҳамзамон, дар дохили бино маркази нигоҳубини кӯдакон ва хобгоҳ бо 57 ҳуҷра ва 130 ҷойи хоб таъсис дода шудааст.

Барои ҳавасмандӣ ҷиҳати иштирок дар раванди таълим, ба занони таълимгиранда нигоҳубини ройгони кӯдакон ва стипендия пешбинӣ шудааст.

Дар Марказ омӯзиши малакаҳои касбӣ дар мувофиқа бо ассотсиатсияҳои соҳавӣ муайян шудааст. Барномаҳои нави таълимӣ барои давраи кӯтоҳтар нисбат ба таълими муқаррарӣ барои гурӯҳҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, ки имкони пардохти таълим ё сарфи вақти барои барномаи ТИКТО дар шакли рӯзона муқарраргардидаро надоранд, пешбинӣ карда мешавад.

Инчунин дар саҳни бинои хуштарҳу замонавӣ майдончаи хурд барои бозии футбол бунёд шуда, атрофи он бо гулҳои рангоранги мавсимӣ оро ёфтааст.

 Иншооти мазкур бо системаи гармидиҳӣ пайваст буда, тамоми синфхонаҳо ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон дар давраи сардиҳо тавассути он пурра бо гармӣ таъмин карда мешаванд.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ дар иншооти навбунёд ба масъулин барои таъсиси ҳамин гуна марказҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, инчунин интихобу ҷобаҷогузории омӯзгорон ва омода намудани мутахассисони сатҳи баланд дастуру супоришҳои мушаххас доданд.